radioiozodi
Хабарҳои Тоҷикистон / Новости Таджикистана WhatsApp/Telegram/Signal: +420 602 272 457; +420 725 602 213
-% ng mga tagasunod ni @radioiozodi ay babae at -% ay lalaki. Ang average na engagement rate sa mga post ay mga 0.02%. Ang average na bilang ng mga likes sa bawat post ay 347 at ang average na bilang ng mga komento ay 43.
Gusto ni @radioiozodi mag-post tungkol sa
1,772,169
Mga Tagasunod
0.02%
Rate ng Engagement
390
Engagement sa bawat post
347
Average na mga pag-ibig bawat post
43
Average na mga komento bawat post
-
Pangkalahatang Rangkada
-
Rangkada ng Bansa
-
Rangkada ng Kategorya
Trends sa Paglaki ng mga Tagasunod at mga Post
Trends sa Paglaki ng Engagement Rate
Aduyensiya sa Kasarian
Dominanteng Grupo sa Edad
Mga Interest
Rate ng Engagement
Mga Pag-ibig at Mga Komento
Mga Kakaibang Tagataguyod
Mga Paboritong Tatak ng mga Manonood
Mga Katulad na Account
Mga Kamakailang Post
Тими мунтахаби духтарони то 18-солаи Эрон дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2024, ки аз 21-ум то 28-уми апрел дар шаҳри Душанбе доир гардид, ғолиб шуд. Дар ин мусобиқа, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат гирифт, дастаҳои мунтахаби духтарони то 18-солаи Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ширкат доштанд. Дар даври аввали мусобиқа Қирғизистон бар Туркманистон бо ҳисоби 3:1 ва Эрон бар Узбекистон бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуданд. Дар даври дуюм футболбоздухтарони тоҷик бозиро ба ҳамсолони худ аз Қирғизистон бо ҳисоби 0:3 бохтанд, тими Эрон ба дарвозаи дастаи Туркманистон ҳафт голи беҷавоб зад. Дар даври сеюми мусобиқа Узбекистон бар Қирғизистон бо ҳисоби 6:1 ва Тоҷикистон бар Туркманистон бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуданд. Дар даври чаҳорум Узбекистон Туркманистонро бо ҳисоби 9:1 ва Эрон Тоҷикистонро бо ҳисоби 5:0 шикаст доданд. Дар даври панҷум Тоҷикистон аз Узбекистон бо ҳисоби 0:7 мағлуб шуд. Бозии Қирғизистону Эрон бо ҳисоби 1:1 ба поён расид. Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии панҷ даври мусобиқа дар ҷадвал тими Эрон бо касби 10 имтиёз соҳиби мақоми аввал шуд. Дастаи Узбекистон бо касби 9 имтиёз ҷойи дуюмро азони худ кард. Дастаи Қирғизистон бо касби 7 имтиёз ҷойи сеюмро гирифт. Дастаи мунтахаби духтарони то 18-солаи Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Ҳикмат Фузайлов бо касби 3 имтиёз ҷойи чаҳорумро ишғол кард. Тими Туркманистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд. Дар маросими ҷоизасупорӣ тими Эрон бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло, дастаи Узбекистон бо медалҳои нуқра ва мунтахаби Қирғизистон бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Инчунин ба дастаи Туркманистон ҷоизаи Fair Play (Бозии шаффоф) супурда шуд. Дастаи Тоҷикистон бо ҷоизаи вижа сарфароз гашт. Ба Сумая Исмоилӣ аз тими Эрон ҷоизаи бозигари аз ҳама судманд тақдим гардид. Ҷоизаи нишонзани беҳтарини мусобиқа насиби Шаҳноза Деҳқонбоева аз дастаи Узбекистон шуд
15
3
Беш аз 950 шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи "Внуково"-и шаҳри Маскав банд мондаанд. Ин омор расмист ва то шоми 27-уми апрел ҳисоб шудааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар баёнияе рӯзи 28-уми апрел вазъи шаҳрвандони дармондаи кишварро "душвор" ва шароити нигаҳдории онҳоро "нохуб" тасвир кард. Мақомоти Русия банд мондани хориҷиён, аз ҷумла тоҷиконро дар гузаргоҳҳои сарҳадии ин кишвар рад накарда, аммо "муваққатӣ" ва "чораи пешгирӣ аз терроризм" номиданд. Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи якшанбе гуфтанд, дар миёни бандмондаҳо донишҷӯёне низ ҳастанд, ки бо квота ё бурсияи ҳукумати Русия дар он кишвар мехонанд. Ба иттилои онҳо, дар фурудгоҳҳои "Жуковский", "Домодедово" ва "Шереметево"-и пойтахти Русия низ "даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон бидуни шароити лозим дар боздоштгоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд”. Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Русия, рӯзи 27-уми апрел дар баёнияе гуфт, сарфи назар аз миллаташон санади ҳамаи хориҷиёнро бодиққат месанҷанд. “Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бо ҳадафи пешгирӣ аз терроризм шаҳрвандони хориҷиро мӯшикофона тафтиш мекунанд. Ба ин далел, дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, аз ҷумла дар як қатор фурудгоҳҳо санҷиши шиносномаҳо ба таъхир уфтодаанд. Ҷониби Русия барои ҳалли ҳарчи зудтари вазъ чора меандешад,” – илова кардааст ӯ. Дар ҳоли ҳозир аз сокинони Тоҷикистон хоста шудааст, ки агар зарурате нест, муваққатан аз сафар ба Русия "тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт" худдорӣ кунанд. #ozodisocial #радиоиозодӣ
461
70
Тими миллии футзали Эрон, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дастаи мунтахаби Тайландро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод, бори сездаҳум ба гирифтани унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт. Ин бозӣ 28-уми апрел дар варзишгоҳи Bangkok Arena-и шаҳри Бангкок доир гардид. Дар нимаи аввали бозӣ тими миллии Эрон ба дарвозаи мизбонон ду голи беҷавоб зад. Голҳоро Маҳдӣ Каримӣ (дақиқаи 1-ум) ва Саид Аҳмад Аббосӣ (6) ба самар расонданд. Нимаи дуюми бозӣ низ бо бартарии эрониҳо сурат гирифт. Онҳо боз ду гол заданд: Алиасғар Ҳасанзода Навлиғӣ (27) ва Боғир Муҳаммадӣ (35). Як голи тайландиҳо ба сарвони даста Ҷирават Сорвичиан (26) мутааллиқ аст. Ба ин тартиб, тими миллии Эрон бо роҳбарии сармураббӣ Воҳид Шамсӣ дар финал муқобили мунтахаби Тайланд бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуда, бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тиллои Ҷоми Осиё-2024 сарфароз гашт. Дарвоқеъ, эрониҳо соли 2018 дар Тайланд бо шикаст додани Ҷопон дар финали Ҷоми Осиё бо ҳисоби 4:0 қаҳрамон шуда буданд. Умуман, дар Ҷоми Осиё, ки бори 17-ум баргузор шуд, танҳо ду дастаи мунтахаб ғолиб шудааст. Эрониҳо 13 бор ва ҷопониҳо 4 бор ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтаанд.
406
17
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд дар бозӣ барои ҷойи сеюм аз тими миллии Узбекистон аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд (замони асосӣ – 5:5) ва аз медалҳои биринҷии мусобиқа маҳрум шуд. Ин бозӣ 28-уми апрел дар варзишгоҳи Bangkok Arena доир гардид. Нимаи аввали бозӣ бо пирӯзии тими миллии Узбекистон бо ҳисоби 2:1 ба поён расид. Дар нимаи дуюм футзалбозони узбек се гол (яктоаш аз пеналти) ва бозигарони тоҷик чаҳор гол заданд. Дарвоқеъ, Самандар Ризомов, бозигари мунтахаби Тоҷикистон, ки дар ин бозӣ се гол зад, “хет-трик” кард. Замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 5:5 хотима ёфт. Ғолибро силсилаи пеналти муайян кард. Дар иҷрои ин кор бозигарони узбек маҳорати хуб нишон дода, бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуданд. Ҳамин тариқ, тими милли Узбекистон зери роҳбарии Ҷосе Венансио Лопеси испанӣ мунтахаби Тоҷикистонро мағлуб карда, ба гирифтани медалҳои биринҷии Ҷоми Осиё-2024 мушарраф гаштанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бошад, дар қаҳрамонии Осиё бори аввал мақоми чаҳорумро касб кард.
328
46
Дар бахши навбатии “Ганҷи шойгон” ҳолу ҳавоеро хоҳед ҳис ва дарк кард, ки таърихнигорон онро бозгашт ба фарзу суннатҳои динӣ меноманд. Ин ҷо суханони Мулло Ҳайдар, яке аз аввалин имомхатибони Кӯлоб ва вакили маҷлисро хоҳед шунид, ки мегӯяд, вақте дид, тоҷик ҳамқавми худро мекушад, аз сиёсат канор рафт. Ҳамчунин яке аз нахустин мусоҳибаҳои рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Мирзоро хоҳед шунид, ки орзуяш ҷой кардани муҳаббат ба дин дар дили мардум аст, номҳои “ғайрикитобӣ” ва идҳои ғайридиниро қабул надорад ва мехоҳад, ҷавонон таҳсили ибтидоии диниро дар ватан гирифта, сипас дар мадрасаҳои хориҷӣ таҳсил кунанд, вале беҳтар аст, дар Тоҷикистон шумори чунин мадрасаҳо зиёд бошад. Ҷомеашиносон ҳадс мезананд, ки дар чунин фазои пасоҷангии Тоҷикистон насле ба воя расид, ки бо ифротгароён ва доишиён бипайваст. #ozodisocial #радиоиозодӣ #ганҷишойгон
93
10
Садҳо мусофир, аз ҷумла тоҷикон дар фурудгоҳҳои Маскав дар мондаанд. Ба мусофирон, ки миёни онҳо кӯдакону занон ва пиронсолон ҳам будаанд чанд рӯз боз мақомот иҷозаи вуруд ба Русия намедиҳанд. Мусофирон аз фурудгоҳи “Внуково” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки маъмурони фурудгоҳ шиносномаҳои онҳоро гирифта гуфтаанд, мунтазир монанд. Ба гуфтаи мусофирон онҳо бидуни обу ғизо мунтазири иҷозаи мақомоти Русия ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки маъмурони пулиси Русия рӯзи 27-уми апрел дар фурудгоҳи "Шереметево"-и шаҳри Маскав ба зидди коргарони хориҷӣ амалиёти густурда гузаронданд. Ба гузориши баъзе аз расонаҳои русӣ, дар ҷараёни амалиёт ҳуҷҷати беш аз 350 ронандаи таксӣ ва тақрибан 230 фаррошу ошпаз ва корманди техникии фурудгоҳи "Шереметево" санҷидаанд. Саҳифаи “Маш” дар Телеграм навишт, ба маълумоти гирифтааш “дастикам 7 ронандаи таксӣ ба иттиҳоми ҳузури ғайриқонунӣ дар Русия дастгир шуда, ба зудӣ аз қаламрави ин кишвар ронда хоҳанд шуд.” Ҳувияти онҳо ва кишварашон эълом нашудааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам аз сокинон хостааст, агар зарурате нест, муваққатан аз сафар ба Русия "тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт" худдорӣ кунанд. Баёнияи вазорат шоми 27-уми апрел нашр шуд, вале мақомот сабаби онро нагуфтаанд. Эҳтимол тасмим ба қазияи банд мондани муҳоҷирон дар сарҳади Қазоқистон бо Русия ё дармондани гурӯҳе аз зодагони Тоҷикистон дар фурудгоҳи “Внуково”-и Маскав рабт дорад. Боздошту тафтиши муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия пас аз ҳамла ба "Крокус" сахттар шуд.
645
77
🔶Порлумони Ироқ рӯзи шанбе 27-уми апрел қонунеро тасвиб кард, ки бар асоси он ҳамҷинсгароӣ то 15 сол зиндон дар пай хоҳад дошт. 🔶Мудофеони ин қонун мегӯянд, чунин тарҳе дар ростои “ҳифзи арзишҳои динӣ” дар давлати Ироқ аст. Аммо ҳомиёни ҳуқуқи ЛГБТ (лесбиянкаҳо, гейҳо, бисексуал ё хуносо ва транвеститҳо) аз тавсиби ин қонун ба унвони ҳамла ба ҷомеаи дигарбошони ҷинсӣ дар Ироқ ёд кардаанд. . 🔸پارلمان عراق روز شنبه قانونی را تصویب کرد که براساس آن همجنسگرایی مجازاتی تا ۱۵ سال زندان درپی خواهد داشت. 🔸مدافع این مصوبه می‌گویند چنین طرحی در راستای « حفظ ارزش‌های دینی» در کشور عراق است. اما مدافعان حقوق جامعه ال‌جی‌بی‌تی (#اقلیت‌های_جنسی و جنسیتی شامل #همجنسگرایان، دوجنسگرایان، افراد ترنس و #بیناجنسی) از این مصوبه به عنوان تازه‌ترین حمله به جامعه دگرباشان جنسی در عراق یاد کرده‌اند. 🔸نمایندگان محافظه‌کار شیعه که در پارلمان عراق اکثریت را در اختیار دارند از این مصوبه حمایت کردند. متقدی صدر، روحانی شیعه، از جمله مخالفان سر سخت همجنسگرایی در عراق است.
1,077
159
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз сокинон хостааст, агар зарурате нест, муваққатан аз сафар ба Русия “тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт” худдорӣ кунанд. Баёнияи вазорат шоми 27-уми апрел нашр шуд, вале мақомот сабаби онро нагуфтаанд. Эҳтимол тасмим ба қазияи банд мондани муҳоҷирон дар сарҳади Қазоқистон бо Русия ё дармондани гурӯҳе аз зодагони Тоҷикистон дар фурудгоҳи “Внуково”-и Маскав рабт дорад. Як рӯз пеш, 26-уми апрел, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Семён Григорев, сафири Русияро ба суҳбат даъват карда буд. Дар он, тибқи иттилои расмӣ, “ба мадди назари сафир нигаронии ҷониби Тоҷикистон дар мавриди ҳолатҳои беасоси манъи вуруд ба қаламрави Русия расонида шуд.” Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, чанд ҳафтаи охир “манъи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия хусусияти оммавӣ пайдо кардааст.” Гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 26-уми апрел хабар доданд, ки наздик ба 500 нафар дар шароити нохубе дар фурудгоҳи “Внуково” дармондаанд. Қабл аз ин шаҳрвандони Тоҷикистон аз сарҳади Русия бо Қазоқистон шикоят карданд, ки наметавонанд ба хоки ин кишвар дароянд. Мақомоти Русия сабаби чунин бархӯрдро бо шаҳрвандони Тоҷикистон шарҳ намедиҳанд. Боздошту тафтиши муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар Русия пас аз ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” бештар шуд. Мақомоти Русия то кунун дар пайванд ба ин ҳамла, ки 144 кушта барҷой гузошт ва масъулияташро ДОИШ пазируфт, сездаҳ касро дастгир кардаанд – дувоздаҳ нафар аз Тоҷикистон ва як нафар аз Қирғизистон. Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз афзоиши мавридҳои бегонаситезӣ ва поймолкунии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кардааст. Масъулони созмони байнулмилалӣ рӯзи 5-уми апрел дар изҳороте гуфтанд, баъд аз як ҳафтаи ҳамла парвандаҳои вобаста ба нақзи қонуни муҳоҷират дар додгоҳҳои Русия “70 дарсад зиёд шуд”.
946
82
* Karapatang-Sipi: Ang mga gumagawa ng nilikha ng nilalaman ang mga default na may-ari ng karapatang-sipi. Ang mga impormasyong ito kabilang ang mga imahe, teksto, bidyo, post at profile ay inilathala sa mga pampublikong domain at mga kaugnay na social media para sa pampublikong panonood.
Mga FAQ: Estadistika at mga Insight ng Instagram para kay @radioiozodi
Paano ako makakakuha ng estadistika at mga analytics ng Instagram para kay @radioiozodi?
Ang StarNgage ay nag-aalok ng kumpletong mga analytical report na nagbibigay ng mga pangunahing metriko at mga insight upang bigyan ka ng ganap na pang-unawa sa @radioiozodi. Maaari mong tuklasin ang iba't ibang aspeto, kasama na ang mga estadistika ng tagasunod ng Instagram, tulad ng paglaki ng tagasunod at post, Engagement Rate, at ang mga trend ng paglaki nito. Bukod dito, maaari kang mag-access ng impormasyon tungkol sa average na bilang ng mga likes at komento sa bawat post, mga insight sa mga pangdemograpiya ng iyong mga tagasunod o audience, data sa brand affinity, mga pagbanggit ng mga nauugnay na hashtag, mga katulad na account, at ang pinakabagong mga post.
Ano ang kasalukuyang bilang ng mga tagasunod ni @radioiozodi sa Instagram?
Sa pinakabagong update, nagkaroon si @radioiozodi ng dedicated na bilang na 1,772,169 na tagasunod sa Instagram.
Ano ang mga insight at analytics na kasama sa kumpletong ulat para kay @radioiozodi sa Instagram?
Ang aming kumpletong analytical report ng Instagram ay nagbibigay ng kumprehensibong pang-eksena kay @radioiozodi sa Instagram. Kasama sa ulat na ito ang mga detalyadong impormasyon tungkol sa paglaki ng tagasunod sa buong panahon, mga metriko ng engagement, at frequency ng mga post, pareho sa lingguhan at buwanang batayan. Upang makakuha ng malalim na ulat na ito, pakisumite at lumikha ng bagong StarNgage account o mag-login sa iyong umiiral na account.
Maaari ko bang subaybayan kung paano nag-ebolb ng Engagement Rate ni @radioiozodi sa Instagram?
Oo, pinapayagan ka ng mga tool sa analytics ng StarNgage na subaybayan ang pag-unlad ng Engagement Rate ni @radioiozodi sa Instagram sa paglipas ng panahon. Ang datos na ito ay tumutulong sa iyo na sukatin ang kahusayan ng mga estratehiya ng pakikisangkot ni @radioiozodi.
Paano makakatulong ang pagkaunawa sa demograpiya ng audience ni @radioiozodi sa Instagram?
Ang paghahayag ng mga demograpiya ng audience ni @radioiozodi sa Instagram ay napakahalaga. Ito ay nagbibigay sa iyo ng kakayahan na baguhin ang iyong influencer content at mga estratehiya sa marketing upang mas magpatibay sa mga tagasunod ni @radioiozodi, sapagkat mayroon ka ng impormasyon tungkol sa kanilang edad, kasarian, lokasyon, at mga interes.
Paano ko magagamit ang impormasyon tungkol sa brand affinity upang mapahusay ang aking estratehiya sa marketing sa Instagram gamit si @radioiozodi?
Ang impormasyon tungkol sa brand affinity ay isang makapangyarihang kasangkapan upang maintindihan kung aling mga brand o produkto ang pinakainterisado ang iyong audience. Ang impormasyong ito ay nakatutulong sa iyong mga kasunduan sa content at mga partnership sa Instagram, nagpapalakas sa iyong pakikisangkot sa iyong target audience.