𝐓𝐀𝐉 𝐊𝐇𝐀𝐁𝐀𝐑
🔹️Хабарҳои мӯҳими Тоҷикистон 🔹️Главные новости Таджикистана Лутфан, хабар ва аксу видеоҳоро ба мо фиристед
-% od pratitelja @taj__khabar su žene i -% su muškarci. Prosječna stopa angažmana na objavama je oko 0.11%. Prosječan broj lajkova po objavi je 533 i prosječan broj komentara je 47.
@taj__khabar voli objavljivati o
522,232
Pratioci
0.11%
Stopa uključenosti
580
Uključenost po objavi
533
Prosek sviđanja po objavi
47
Prosek komentara po objavi
136,470
Svetski poredak
-
Poredak država
-
Poredak kategorije
Trendovi rasta pratilaca i objava
Trendovi rasta stope uključenosti
Pol publike
Dominantna dobna grupa
Interesi
Stopa uključenosti
Lajkovi i komentari
Važni uticajni lјudi
Afinitet brendove publike
Slični nalozi
Nedavne objave
Додситонии кулли Тоҷикистон бар зидди ду сержанти хурди як қисми низомӣ дар шаҳри Исфара барои таҳқир ва паст задани шаъну шарафи 9 сарбоз парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Сержантҳо дар сари наваскарон номи “Конибодом”-ро навишта, акси онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардаанд. Дар ин бора сомонаи расмии Додситонии кулл хабар медиҳад. “Ӯ бо мақсади ба дигарон паҳн ва шуҳратманд гардидан, ҳолати паст задани шаъну шараф ва эҳтироми сарбозонро бо воситаи сержанти хурд Давлатов А.М. ба телефони мобилӣ аксбардорӣ намудааст. Давлатов А.М. акси мазкурро баъди аъдои хизмати ҳарбӣ 15 июни соли 2023 ҳамчун воситаи таҳқири хизматчиёни ҳарбӣ дар шабакаҳои интернетӣ паҳн намудааст”,- менависад Додситонии кулл. Ин ниҳод зикр мекунад, ки вобаста ба ҳодисаи мазкур 16-уми июни соли 2023 нисбати хизматчиёни ҳарбӣ Муҳриддин Исмоилов ва М. Давлатов барои сӯистифодаи мақом ва баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ (моддаи 391 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ин банди қонунгузорӣ, ҷарима ба андозаи аз 250 то 919 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 68 сомонӣ) ё 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
480
88
Баъди санҷиши тобоварии биноҳои баландошёна ба заминларза, ки дар пасманзари заминларзаи шадид дар Туркия рӯи даст гирифта шуд, дар Душанбе озмоишгоҳи санҷиши мехсутуну асосҳои бино ва иншоот ба истифода дода шуд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар ин бора фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми июни соли 2023 ба имзо расидааст. Дар маросими ифтитоҳи озмоишгоҳ Усмоналӣ Усмонзода, муовини сарвазири кишвар, Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон ва намояндагони дигар идораву сохторҳои сохтмонию меъморӣ иштирок намуданд. Манбаъ навиштааст, ки озмоишгоҳ бо мақсади “таъмини зилзилатобоварии бинову иншоот барои санҷиши мехсутуну асосҳои бино ва иншоот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис дода шуд”. “Бо мақсади баҳодиҳии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникии сифати технологии корҳои сохтмонӣ, мавод ва маснуоти сохтмонӣ, инчунин дигар санадҳои қонунгузории шаҳрсозӣ дар бино ва иншооти сохташаванда таъсис дода шудааст”, - омадааст дар хабари АМИТ “Ховар”. Ба навиштаи манбаъ, санҷиши мехсутунҳо дар майдони сохтмонӣ амалӣ карда мешавад ва мақсади асосии санҷиш муайян намудани қобилияти борбардории мехсутунҳо мебошад, ки баъди санҷиш бо натиҷаи ҳисоби конструктивӣ муқоиса карда мешавад. “Санҷиши мехсутунҳои оҳанубетонӣ бо ёрии таҷҳизоти махсуси муосир, яъне болорҳои филизӣ, домкратҳо, насоси гидравликӣ, фишорсанҷ (манометр), таҷҳизоти муайян намудани деформатсия (прогибомер) ва ғайра амалӣ мегардад”, - омадааст дар хабар. Ҳамчунин, Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, “биноҳои Душанбе ба заминҷунбии 8,5 ва 9 бала тобоваранд”. Ӯ рӯзи 8-уми феврал дар нишасти матбуотӣ аз зилзилаи 6,6 бала дар Душанбе, ки чанд сол пеш рух дод, мисол овард ва афзуд, дар натиҷаи он биноҳои баландошёнаи Душанбе таъсири ҷиддӣ надиданд. Вай афзуд, аксари биноҳои Душанбе “каркасний” сохта шудааст, яъне қисмати “конструктиви”-и бино аз оҳану бетон ва қисмати поёнӣ аз мехсутунҳо (сваяҳо) иборат аст, ки ин имкон медиҳад биноҳо дар зилзилаҳои сахт тобовар бошанд.
188
13
Мақомоти Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ имкони бунёди метро дар пойтахтро баррасӣ доранд Тоҷикистон роҳҳои мухталифи бунёди метро дар пойтахтро баррасӣ дорад. Тавре аз Вазорати нақлиёти кишвар хабар доданд, муҳандисон ҳамроҳ бо мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ хусусияти ноҳамвории Душанберо меомӯзанд. Коршиносон бояд тасмим бигиранд, ки сокинони Душанбе ба ин навъи нақлиёт ниёз доранд ё на? Шароити муҳандисию геологӣ низ санҷида мешавад, ки дар асоси он дар бораи чӣ тавр гузоштани хатҳои метрополитен — тариқи туннелҳо, ё рӯи замин ё инки дар эстакадаҳо қарор қабул карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2022 миёни Вазорати нақлиёт ва Ширкати миллии роҳи оҳани Ҷумҳурии Корея дар бораи бунёди метро дар Душанбе ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд. Баъд хабар дода шуд, ки хати аввал рӯи заминӣ хоҳад буд ва дарвозаи ҷанубии шаҳрро бо майдони цирк мепайвандад. Ёдовар мешавем, ки соли 2017 ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаеро, ки дар “ГИПРОГОР”-и Маскав амалӣ шуда буд, тасдиқ карда буд. Дар ҳуҷҷат пешбинӣ шудааст, ки трамвайи босуръат аз зери замин ва қад-қади эстакада мегузарад. Ҳамчунин, коршиносони тоҷик пешниҳод кардаанд, ки дар соҳили рӯдхонаи Душанбинка як роҳи оҳан сохта шавад, ки ҷанубу шимоли пойтахтро ба ҳам пайвандад.
984
106
Дар ҷанги Украина аз ҷониби Русия дастикам 93 шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла 40 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд. Дар ин бора хабаргузории ВВС хабар медиҳад. ВВС дар тадқиқоти худ зикр кардааст, ки бархе шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз зиндонҳои Русия ба ҷанг ирсол шудаанд ва аз ҷониби ширкати хусусии низомии Вагнер (PMC) ба ҷанг ҷалб шудаанд. “Дар миёни кушташудагон 19 нафар шаҳрванди Қирғизистон, 34 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон ва 40 нафар шаҳрванди Тоҷикистон будаанд”, - менависад ВВС. Хабаргузорӣ таъкид мекунад, ки муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба Русия мераванд. “Пас аз оғози ҳамлаи ҳамаҷонибаи Русия ба Украина, муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ низ дар ҷанг ниёз доштанд: онҳо барои барқарор кардани шаҳрҳои харобшуда ва кофтани хандакҳо фиристода шуданд... Дар Украина бисёри онҳо мефавтанд ва хешовандонашон низ моҳҳо талош доранд, ҳадди ақалл ҷасадро ба ватан баргардонанд”, - омадааст дар тадқиқот. Дар ин тадқиқот дар бораи чӣ гуна қурбонӣ шудани чанд нафар шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳам маълумот медиҳанд. "Ҷасадро аз қабр канда ба Душанбе фиристоданд" Тафтишот ҳамчунин аз саргузашти як шаҳрванди Тоҷикистон ёдовар мешавад. Дар моҳи апрел хонаводаи Сулаймон Исломов бо ВВС тамос гирифта будаанд. Онҳо хабар додаанд, ки Сулаймон дар солҳои 2012 ва 2016 дар Русия соли 2017 ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. Моҳи сентябри соли 2022 Сулаймон ба хешовандонаш занг зада гуфтааст, ки ба ҷанг рафтанӣ аст. Кай ба ҷанги зидди Украина мепайвандад, маълум нест, вале дар моҳи марти соли 2023 ҷасади Сулаймонро дар қабристони Фряново пайдо мекунанд. Пас аз чанд ҳафта пайвандони Сулаймон Исломов ҷасади ӯро аз қабр бароварда, ба Душанбе меоранд. Манбаъ: ASIA-Plus
424
44
Тавре ки портали SIA хабар медиҳад, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сафи манбаъҳои асосии кормандони мавсимӣ ба Британияи Кабир шомил шудаанд. Имсол ҳудуди 1 ҳазор нафар аз Тоҷикистон метавонанд барои ҷамъоварии ҳосили сабзавоту мева ба ин кишвар раванд. Дар Тоҷикистон айни замон имтиҳонгирӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳо барои ба кори мавсимӣ фиристодани коргарон ба Британияи Кабир ҷараён дорад. “Тақрибан ҳудуди 1 ҳазор нафар коргарон имсол дақиқан барои кори 6-моҳа ба Британияи Кабир мераванд”, - гуфтанд дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнати ҷумҳурӣ. Ҳанӯз моҳи марти соли равон сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорат Иматшо Нодирзода бо роҳбари ширкати "HOPS Labor Solutions Ltd" Ҷонатан Берҷесс дар мавриди муташаккилона фиристодани коргарон ба кори мавсимӣ дидору гуфтушунид карда буд. Давоми моҳҳои апрел интихоб сурат гирифта, бо анҷоми он намояндаи ширкати "HOPS Labor Solutions Ltd" Димчо Усурский рӯзи 23 май бо шахсони аризадода вохӯрд. Зимни вохӯрӣ ӯ дар бораи шароити кор, талабот ба муҳоҷирони корӣ маълумот дод. Рӯзи 24 май дар Душанбе директор оид ба стратегияи Раёсати мубориза бо бандитизм ва зӯроварии меҳнатии Британияи Кабир (GLAA) Дэррил Диксон ҳамроҳи сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Тимоти Эйдана Маршал Ҷонс аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат боздид кард. Дар вохӯрӣ масоили риояи қоидаҳои будубош, ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони корӣ, пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар масоили муҳими ҷонибҳо дар ин самт баррасӣ шуданд. Бояд гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Британия асосан ба корҳои мавсимӣ дар саҳроҳо ва гармхонаҳо машғул шуда, ҳосили буттамевагиҳо (клубника ва ғайра) ва дигар сабзавоту меваҳоро ҷамъоварӣ мекунанд. Арзиши сафар ба Британияи Кабир аз ҷониби худи хоҳишмандон пардохт шуда, барои ин ба онҳо аз 1 то 1,5 ҳазор доллар лозим аст. Ҳамчунин онҳо бояд забони англисиро дар сатҳи гуфтугӯ донанд. Муҳлати шартномаи меҳнатӣ ҳамагӣ 6 моҳро ташкил медиҳад ва пас аз ним соли кор муҳоҷири тоҷик бояд ба хонааш баргардад.
527
53
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар хабар додааст, ки муҳоҷирони меҳнати бори аввал дар Душанбе имтиҳони забони русӣ супориданд. Ахиран дар Муассисаи давлатии "Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ" - и Хадамоти муҳоҷират аввалин маротиба барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади муҳоҷирати корӣ ба Русия сафар мекунанд, имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории ин кишвар қабул карда шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати меҳнт, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар хабар додааст. Тибқи иттилои манбаъ, имтиҳон дар чаҳорчӯби қарордоде, ки моҳи декабри соли 2022 бо Маркази санҷиши забонҳои Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ба имзо расида буд, баргузор гардид. “Гурӯҳи аввали шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври ройгон имтиҳон супорида, соҳиби шаҳодатномаи дахлдор оид ба донистанизабони русӣ ба муҳлати панҷ сол шуданд”, - таъкид кардааст вазорат. Ҳамзамон зикр гардид, ки агар ин тартиб тибқи тамоми меъёрҳои зарурӣ сурат гирад, дар оянда ба таври доимӣ санҷиши донистани забони русӣ байни муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Тоҷикистон ҷорӣ карда мешавад. “Мо аввалин имтиҳони тестиро аз забони хориҷии русӣ, аз таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Русия гузаронидем. Пас аз бомуваффақият супоридани имтиҳонот ба иштирокчиён Шаҳодатномаи давлатӣ барои гирифтани иҷозатномаи корӣ (патент) дар ҳудуди Русия дода мешавад. Дар оянда имтиҳонҳо ҳангоми омода намудани гурӯҳ мунтазам гузаронида мешаванд”, гуфт дар ин бора муовини директори Маркази санҷиши забонҳои Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург Александр Дроздов. Зикр гардидааст, ки акнун хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани шаҳодатнома мазкур ба “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе, Хадамоти муҳоҷират муроҷиат кунанд.
399
36
Талошҳо барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон низ ба шиддат ҷараён дорад ва аз оғоз рӯйи кор омадан ҳукумати толибҳо, токунун шумори зиёде аз қочоқчиёни боздошт ва зиндонӣ шудаанд. “Мушкили маводи мухаддир дар Афғонистон дар ҳоли рафъ шудан аст”, - гуфт ӯ. Вай афзуд, кишти хашхош имсол дар тамоми кишвар наздик ба сифр буд ва дар бахше ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ҳам ҷиддият аст ва ҳар рӯз шоҳиди гирифториҳо ҳастем. Сухангӯи ҳукумати толибҳо дар идома ба ҳамаи кишварҳо итминон дод, ки нигарони қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон набошанд ва дар ростои мубориза бо он бо ҳукумат ва мардуми Афғонистони ҳамкории намоянд. Пештар Мулло Ҳибатуллоҳ, раҳбари гурӯҳи толибҳо бо судури як фармони кишт, тавлид, қочоқ ва истифода аз маводи мухаддирро дар кишвар мамнӯъ кард ва низ ҳушдор дод, ки бо мутахаллифин ин фармон мутобиқ ба "шариъати исломӣ" бархурд хоҳад шуд.
296
16
Навраси 17-сола ҷасади хунолуди хоҳарашро дида, бо корд ба шавҳари ӯ ҳамла кардааст. Прокуратураи ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон нисбати ноболиғ ба гумони даст доштан дар куштори шавҳари хоҳараш парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Ин ҳодиса рӯзи 6 апрел дар ҷамоати ба номи Сайф Раҳимзоди ноҳияи Балҷувон рух додааст. Навраси 17-сола ҷасади хунолуди хоҳарашро дар рӯи фарш дида, бо корд ба шавҳари ӯ ҳамла кардааст. Пеш аз ин шавҳар зани худро бо корд куштааст. “Абдулфайз Хоҷаев, сокини 39-солаи ноҳияи Восеъ ба хонаи волидони ҳамсараш меояд, то ки бо занаш оштӣ шавад. Ҳамсараш ҷавоби рад дода, онҳо ба ҷанҷолу муноқиша мепардозанд ва мард ба зан бо корд зарба зада, ӯро захмӣ мекунад. Бародари 17-солаи зан ин ҳолатро дида, ба шавҳари хоҳараш бо корд якчанд маротиба зарба мезанад ва сипас мегурезад”, - зикр мешавад дар гузориш. Тавре ки гуфта мешавад, аз ҷароҳатҳои бардошта зану шавҳар дар роҳ ба бемористон ҳалок шудаанд. Нисбат ба наврас мутобиқи моддаи 104, қисми 1 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ин модда ба муҳлати аз 8 то 15 сол ҷазои маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.
260
58
Абдулҳаннон Маннонов, рӯҳонии 51-солаи тоҷик, ки чанд моҳ пештар дар тӯйи бародарзодааш дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон монеи рақсу сурудхонӣ шуда буд, бо ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон 6 сол равонаи зиндон шудааст. Қаблан ӯ, ба “даъват ба ифротгароӣ” муттаҳам мешуд. Қаблан, иттилоъ дода мешуд, ки бар зидди Абдулҳаннон Маннонов барои "даъват ба ифротгароӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, барои муҳокима ба Додгоҳи вилояти Хатлон фиристоданд. Ду манба аз мақомоти тафтишотӣ, гуфта буданд, ки “парвандаи рӯҳонӣ се моҳ боз тафтиш мешавад. Худаш дар Боздоштгоҳи муваққатӣ аст”. Тафсилоти бештар дар хусуси иттиҳом ва раванди тафтишот ва назари наздикони рӯҳонӣ оид ба иттиҳом маълум набуд ва ҳамчунин маълум нест, ки чӣ гуна дар як муддати кутоҳ парвандаи ӯ баррасӣ ва худаш ҳукм гирифт. Ёдовар мешавем, ки моҳи январи имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе аз ҷараёни тӯй нашр шуд ва дар он дида мешуд, ки як марде бо қиёфаи рӯҳонӣ монеи рақсу сурудхонӣ гардида, меҳмононро меронад.
575
306
* Autorska prava: Kreatori sadržaja podrazumevano su vlasnici autorskih prava. Ove informacije, uključujući slike, tekstove, video zapise, objave i profile, objavljeni su na javnim domenima i odgovarajućim društvenim medijima za javno pregledanje.
Često postavljana pitanja: Instagram Statistika i Insighti za @taj__khabar
Kako mogu pristupiti statistici i analitici za Instagram za @taj__khabar?
StarNgage nudi sveobuhvatne analitičke izvještaje koji pružaju ključne metrike i insights kako biste potpuno razumjeli @taj__khabar. Možete istražiti različite aspekte, uključujući statistiku pratitelja na Instagram, kao što su rast pratitelja i objava, Stopa angažmana i njezin rast. Dodatno, možete pristupiti informacijama o prosječnom broju lajkova i komentara po objavi, uvid u demografiju vaših pratitelja ili publike, podatke o afilijaciji brandova, spominjanja relevantnih hashtagova, sličnih računa i najnovijih objava.
Koji je trenutni broj pratitelja za @taj__khabar na Instagram?
Prema posljednjem ažuriranju, @taj__khabar je stekao posvećeno pratiteljstvo od 522,232 pratitelja na Instagram.
Koji insights i analitika su uključeni u puni izvještaj za @taj__khabar na Instagram?
Naš potpuni analitički izvještaj na Instagram pruža sveobuhvatan pregled @taj__khabar na Instagram. Ovaj izvještaj uključuje detaljne informacije o rastu pratitelja tijekom vremena, metrikama angažmana i frekvenciji objava, kako na tjednoj tako i na mjesečnoj razini. Za pristup ovom temeljitom izvješću, molimo vas da se registrirate i stvorite novi StarNgage račun ili se prijavite na postojeći račun.
Mogu li pratiti kako se stopa angažmana u @taj__khabar razvijala na Instagram?
Da, StarNgage alati za analitiku omogućuju vam praćenje razvoja stope angažmana u @taj__khabar na Instagram tijekom vremena. Ti podaci pomažu vam procijeniti učinkovitost strategija angažmana u @taj__khabar.
Kako mogu razumjeti demografiju publike @taj__khabar na Instagram?
Dobivanje uvida u demografiju publike @taj__khabar na Instagram može biti izuzetno vrijedno. Omogućuje vam da prilagodite svoje sadržaje i marketinške strategije influencera kako biste bolje rezonirali s pratiteljima @taj__khabar, jer ćete imati informacije o njihovoj dobi, spolu, lokaciji i interesima.
Kako mogu iskoristiti podatke o afinitetu branda za poboljšanje marketinške strategije na Instagram s @taj__khabar?
Podaci o afinitetu branda su moćan alat da biste shvatili koje su marke ili proizvodi najzanimljiviji vašoj publici. Ove informacije mogu vam pomoći u vođenju suradnje sadržaja i partnerstava na Instagram, unapređujući vašu angažiranost s ciljanom publikom.